Ссылки доступа

Эҳтимол аст, Туркияро ба рӯйхати сиёҳи офшорҳо ворид кунанд


Иттиҳоди Аврупо (ИА) то охири соли равон Туркияро ба рӯйхати сиёҳи офшорҳо ворид хоҳад кард. Дар ин бора Bloomberg бо истинод ба як манбаи худ иттилоъ додааст. Ба иттилои расона, гуруҳи кории махсуси ИА бар ин аст, ки Анқара барои таъмини шаффофияти бахши молии худ ва мубориза бо режими андози дорои абаримтиёзҳо корҳои кофиро анҷом надодааст.

Бо ин далел гуруҳи корӣ ба вазирони молии ИА тавсия додааст, ки Туркияро ба рӯйхати сиёҳ шомил кунанд. Ҷониби Туркия агар то мулоқоти навбатии вазирони молии ИА масъулиятҳои изофии худро дар робита ба ислоҳоти режими андозаш иҷро кунад, метавонад вазъро тағйир диҳад.

Манбаи расона қайд накардааст, ИА зидди кишварҳое, ки дар рӯйхати сиёҳанд, чи гуна таҳрим эълом мекунад. Барои намуна, Фаронса пешниҳод дорад, ин гуна кишварҳо аз ҳаққи дарёфти сармояҳои байналмилалӣ маҳрум карда шаванд. Дар баробари Туркия, ҷамъан 36 кишвар эҳтимол аст, шомили ин рӯйхат шаванд. Гуруҳи кории ИА вазъ дар 92 кишварро таҳлил доранд.

XS
SM
MD
LG