Ссылки доступа

Ӯзбекистон гуфт, тасмим дорад, узви СҶТ шавад


Ӯзбекистон гуфтугӯҳо барои шомил шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ)-ро дубора оғоз кард. Дар ин бора президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар форуми тиҷоратӣ дар шаҳри Сеули Куриёи Ҷанубӣ хабар дод.

Вай ҳамчунин гуфт, Ӯзбекистону Куриё ният доранд, барои ҳамкорӣ дар мавриди шомил шудан ба СҶТ "харитаи роҳ"-и муштарак қабул кунанд.

"Куриё нахустин кишварест, ки мо бо он чунин ҳуҷҷат имзо мекунем. Ба ҷуз ин, бо шарикони куриёӣ эҳтимоли рушди тиҷорати дуҷонибаро баррасӣ мекунем", - гуфт Мирзиёев.

Пештар аз ин дар доираи сафари Мирзиёев ба Куриё, миёни ҳукуматҳои ду кишвар барои шомил шудани Ӯзбекистон ба СҶТ тафоҳумнома ва "Харитаи роҳ" имзо шуд.

XS
SM
MD
LG