Ссылки доступа

Диловар Олимов барои ҳамла ба додрас 15 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Хатлон Диловар Олимов, сокини ноҳияи Панҷро, ки бо табар ба пешонии раиси додгоҳи ноҳия зада, ӯро захмӣ намуда буд, 15 сол зиндонӣ кард. Ин ҳукм 21 ноябр содир шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Темур Бойзода, муовини раиси додгоҳи Хатлон гуфт, гуноҳи Диловар Олимов дар рафти мурофиаҳо пурра тасдиқи худро ёфт ва ин шаҳрванд барои бо табар ҳамла карданаш ба додрас Давлатманд Раҳимзода дар рӯзи 31 августи соли ҷорӣ гунаҳгор эълон шудааст.

Ҳодисаи ҳамла бо табар бегоҳи 31-уми август дар утоқи кории раиси додгоҳи ноҳияи Панҷ иттифоқ афтод ва баъди як рӯзаш Олимов боздошт гардида, парвандаи ӯро Додситонии вилояти Хатлон тафтиш мекард.

Додгоҳи Панҷ 31 август бо даъвои ҳамсари пешини Олимов парвандаеро баррасӣ кард. Додрас Олимовро вазифадор кард, ки барои тарбияи ду фарзандаш ҳар моҳ 260 сомонӣ алимент пардохт кунад, вале ӯ аз ин қарор розӣ нашуда, бо раиси додгоҳ вориди баҳс гардид. Пас аз анҷоми мурофиа ӯ бо табар ба додгоҳ баргашта, ба раиси додгоҳ ҳамла кард.

XS
SM
MD
LG