Ссылки доступа

Вокуниши ИМА ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ"


Джон Лэнсинг

Мудири иҷроияи Шӯрои нашаротии ИМА (BBG) Ҷон Лэнгсинг дар робита ба ҳукми иҷро пайдо кардани қонуни нави Русия, ки фаъолияти расонаҳои хориҷиро дар ин кишвар танзим мекунад, вокуниш нишон дод.

BBG Шӯрои фахрии ҳамаи расонаҳои хориҷии ИМА, аз ҷумла Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) аст.

Лэнсинг гуфт, мақомоти расмии Русия борҳо ишора карданд, ки эҳтимол дорад, қонуни нав фаъолияти РАО/РО ва "Садои Амрико"-ро дар ин кишвар маҳдудтар кунад. "Мо ҳамаи хабарҳои расмиеро, ки дар робита ба фаъолияти худ аз мақомоти Русия дастрас мекунем, бодиққат меомӯзем. Оқибатҳои эҳтимолии тадбирҳои мақомоти русро барои фаъолияти рӯзноманигории мо пешгӯӣ намекунем. Аммо ин тадбирҳоро ҳамчун чораи ҷавобӣ шумурдан ба амали мақомоти ИМА таҳрифи ҷиддии воқеият хоҳад буд. Расонаҳои Русия, аз ҷумла телевизиони RT ва хабаргузории "Спутник" дар ИМА озодона фаъолият дошта, барномаҳои худро ба воситаи кабел ва FM пахш мекунанд, дар ҳоле ки РАО/РО ва "Садои Амрико" дар Русия аз ин имконият маҳруманд", - изҳор дошт ӯ.

Ҷон Лэнгсин гафзуд, агар дар доираи чораҳои ҷавобӣ ба расонаҳои Амрико, аз ҷумла ба РАО/РО ва "Садои Амрико" ҳақ ва имкониятеро медоданд, ки расонаҳои русӣ дар ИМА доранд, шӯро миннатдор мешуд.

Раҳбари Шӯрои амрикоӣ дар умури мухобирот қайд кард, ки расонаҳои Амрико таҳти ҳама гуна шароит ба иҷрои вазифаи худ, ки бо қонунгузории ИМА танзим мешавад -- расонидани хабари дурусту комил ва беғараз ба ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла ба шунавандаҳои худ дар Русия пойбанд хоҳанд монд.

XS
SM
MD
LG