Ссылки доступа

Ноиб-сарвазири Қазоқистон: Қирғизистон обро намебандад


Муовини сарвазир - вазири кишоварзии Қазоқистон Аскар Мирзахметов суханҳои президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар робита ба эҳтимоли маҳдуд кардани обро шарҳ дод.

Дар нишасти хабарии хотимавии худ Алмосбек Отамбоев 20 ноябр гуфт, Қазоқистон "муҳосира" ташкил кард ва афзуд, ҳамин ки Қирғизистон ҷоришавии обро маҳдуд кунад, вазъ дар марз ба эътидол хоҳад омад.

Ба андешаи вазири кишоварзии Қазоқистон, Қирғизистон бо назардошти қоидаҳои байналхалқӣ дар умури дарёҳои фаромарзӣ, наметавонад якҷониба чунин тасмим бигирад. "Қирғизистон бояд ин қоидаҳоро риоя кунад", - гуфт Мирзахметов.

Вай афзуд, "мо ҳам ҳисобу китоби худро дорем". Мирзахметов инчунин дар бораи вобастагии бахши кишоварзии Қазоқистон аз кишварҳои ҳамсоя изҳори назар кард. "Мо ҳамасола барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ меъёри муайяни об дарёфт мекунем", - афзуд вазир.

Моҳи гузашта Қирғизистон оби обанбори Кирови вилояти Таласи ҳаммарз бо Қазоқистонро холӣ кард. Қирғизистон инро ба корҳои таъмирӣ рабт дод. Қазоқистон гуфт, холӣ кардани об ҳамоҳанг шуда буд.

XS
SM
MD
LG