Ссылки доступа

Дар Тошканд аз як сехи ҳасиббарорӣ гӯшти хар ёфтанд


Дар Ӯзбекистон зидди ду шахсе, ки аз вилояти Хоразм ба сехи ҳасиббарории "Шаршара"-и шаҳри Тошканд 69 кило гӯшти хар овардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Зидди кормандони сех низ, ки гӯшти харро ҳамчун гӯшти гов қайд кардаанд, тафтишот оғоз шудааст.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тошканд гуфт, 21 ноябр дар натиҷаи як санҷиш муайян карда шуд, ки масъулони сехи "Шаршара" ба ҳасибҳои худ гӯшти хар илова мекардаанд. "Аз ҷумла, ба гӯште, ки ҳамон рӯз бояд аз он ҳасиб омода мешуд, 69 кило гӯшти хар илова кардаанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи манбаъ, аз сехи "Шаршара", ки ба ширкати Gold Premium Product тааллуқ дорад, ҳамчун далели шайъӣ 275 кило гӯшти бесифату бӯйгин мусодира шудааст.

Хулосаи ташхиси Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии Тошканд нишон додааст, ки дар таркиби гӯшти мусодирашуда, гӯшти хар мавҷуд аст. Дар ҳоли ҳозир, маълум нест, ки қаблан низ ба ин сех гӯшти хар меовардаанд, ё не.

Дар Ӯзбекистон гӯшти хар арзонтарин гӯшти ҳайвон шумурда шуда, нисбат ба гӯшти гов чаҳор баробар арзонтар аст. Нархи миёнаи як хар дар ин кишвар ҳудуди 18-20 доллари амрикоӣ аст.

XS
SM
MD
LG