Ссылки доступа

"Писари ношунавоямро ба артиш бурданд" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Писари ношунавоямро ба артиш бурданд". Хонаводаи ду ҷавони тоҷик шикоят карданд, ки бо вуҷуди маризии фарзандонашон онҳоро маҷбуран ба хизмати артиш ҷалб карданд. Мақомот мегӯянд, ки ин ду ҷавони бемор бояд нахуст аз ташхиси вижаи пизишкӣ бигзаранд (видео)

- Хушнуда: "Вақти ширҷӯшӣ аз як сӯ гов мезаду аз сӯи дигар шавҳар". Зани ҷавоне, ки мехост бо партофтани худ аз ошёнаи ҳафтуми бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб худкушӣ кунад, қазияро шарҳ дод (видео)

- Даъво барои маош: пули сохтмончиёнро кӣ медиҳад? Даҳҳо коргари як ширкати хусусии сохтмонии мавсум ба “Сохтмони нав” муддати се сол аст, музди маоши худро дарёфт карда наметавонанд (видео)

- Покистон поксозии минтақа аз тундравонро оғоз намуд. Рӯзи якшанбе нерӯҳои амниятии Покистон поксозии як минтақа дар байни Исломобод ва Равалпиндиро шурӯъ карданд. Дар он ҷо ҳаводорони гурӯҳҳои ифротӣ ҷамъ шуда буданд (видео)

- Бомбгузори маргталаб 4 касро кушта, 22 нафарро маҷруҳ кард. Бомбгузори маргталаб, ки эҳтимолан пайрави гурӯҳи Толибон будааст, дар ҷанубу ғарби Покистон 4 касро кушта, 22 нафарро маҷруҳ кард. (видео)

- Кӯдакӣ бо ВИЧ. "Бигзор, табибон дигар иштибоҳ накунанд". Солҳои 2006-2007 дар бемористонҳои Қирғизистон ба 382 кӯдак бемории ВИЧ сироят кард. Ҳоло ҳамаи онҳо дар шаҳрҳои Ӯш, Ҷалолобод, Қарасу, Узген, Ноокат ва Сузак зиндагӣ мекунанд. Гузориши махсус дар бораи ин кӯдакон баъди даҳ сол. (видео аз Директ)

- Беш аз 100 мошини борбар дар кони Яғноб дармондааст. Мошинҳо, ки барои кашондани ангишт рафта буданд, дар пайи барфбории шадид дармонданд. Онҳо мегӯянд, аз як сӯ барфборӣ ва аз сӯи дигар ба кундӣ пур шудани мошинҳо аз ангишт онҳоро дар нимароҳ гузоштааст (видео)​

- Мақомоти Русия духтари шаҳрванди Ӯзбекистонро барнагардонданд. Комисия дар умури ноболиғони шаҳри Клини вилояти Москва қарор кард, Рухшонаи 6-сола ба модараш Фирӯза Уткирова, ки зодаи вилояти Бухорои Ӯзбекистон аст, баргардонида нашавад (видео)​

- "Аз рӯи виҷдон": ба пиронсолони тоҷик ваъда доданд, ки нафақапулиро аз 10 то ба 45 доллар боло мебаранд. (видеои Настоящее время)

- "Дар хонаи онҳо танҳо чою нон аст": дар Бишкек ба киҳо ғизои ройгон медиҳанд. Ҳаракати фудшеринг - ё тақсими ғизо то Бишкек ҳам расид: ихтиёриён шабона ғизоҳои ба фурӯш нарафтаи қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳоро ҷамъ меоранд ва ба ниёзмандон тақсим мекунанд. (видеои Настоящее время)

- Шоҳзодаҳои боздоштшудаи Саудӣ розӣ шуданд, ба давлат $100 миллиард диҳанд (видео)

- "Ҳамраъйии Қрим" машваратҳои ҳуқуқӣ ташкил мекунад. Ҳуқуқшиносони "Ҳамраъйии Қрим" дар бораи он ки ҳангоми бозҷӯиву боздошт чи гуна бояд амал кард, тавсияҳоеро таҳия кардаанд ва ҳамчунин барои дарёфти машварати ҳуқуқӣ телефони боварӣ ташкил шудааст. (видео аз Директ)

- Барои чи швейтсариҳо дар рӯзи якшанбе шиша намепартоянд. Ва саволҳои дигар дар бораи партовҳо. Чи гуна метавон аз партовҳои хонагӣ тило истихроҷу нирӯ содир кард. Ва чаро рӯзи якшанбе набояд партовҳоро партофт ва оё дар Швейтсария партовгоҳ ҳаст? (видео аз Директ)

- Барои Русия девор миёни Қрим ва қитъаи Украина чи лозим аст. ФСБ-и Русия мехоҳад, миёни Қрим ва Украинаро девор занад (видео аз Директ)

- Бе хонае ба як ношинос 20 доллари охиринашро дод, дар ҷавоб барои харидани манзили нав барои вай 350 ҳазор ҷамъоварӣ карданд (видео аз ИМА)

- Путин-сулҳхоҳ: дар остонаи интихоботи Русия расонаҳо барои президент имиҷи нав меофаранд (видео)​

- "Хандиданро бароямон ҳанӯз манъ накардаанд...". Дар Уфимский намоишгоҳи асарҳои рассом-карикатурист Камил Бузикаев таҳти унвони "Симои шаҳр" оғоз шуд. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG