Ссылки доступа

Бештар аз 100 мошини борбар дар кони "Фон-Яғон" дар муҳосираи барф дармонд (видео)


Рӯзи 26 ноябр ронандаҳои беш аз 100 мошин дар роҳи Фон-Яғноби ноҳияи Айнӣ бо сабаби бориши зиёди барф дармонданд.

Фарҳод Раҷабов, яке аз ин ронандаҳо рӯзи 26-уми ноябр гуфт, дар ин шабу рӯз дар шароити сахте қарор доранд ва маълум нест, роҳашон кай боз хоҳад шуд. Дар аксу видеое, ки ронадагон фиристоданд, дида мешавад, даҳҳо мошини борбар ҷамъ шудааст. Худи ронандагон дар берун ангиштро оташ гиронда, гарм мешаванд.

​Кони Фон-Яғноб калонтарин кони ангишт дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин кон таъминкунандаи асосии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, корхонаи "Талко", корхонаи бузурги семент аз қабили "Тоҷиксемент" ва "Хуаксин Ғаюр семент" аст.

Истифодаи густардаи ангишт дар саноат дар Тоҷикистон пас аз соли 2012 шуруъ шуд. Дар он сол Тошканд гуфт, гази табииашро ба Чин ва Русия мефурӯшад ва имкони интиқоли онро ба Тоҷикистон надорад.

Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон сол ба сол меафзояд. Истихроҷи ин сӯзишворӣ дар соли 2015 марзи 1 миллион тоннаро убур кард ва дар соли 2016 дар Тоҷикистон ба 1 миллиону 300 ҳазор тонна расид. Айни замон дар Тоҷикистон 200 корхона аз ангишт истифода мебаранд, ки бисёрашон коргоҳҳои оҳангудозӣ, хиштпазӣ ва семенбарорӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG