Ссылки доступа

Қирғизистон: 4 гумонбари ҷиноятҳои вазнин аз боздоштгоҳ фирор карданд


Дар Қирғизистон аз боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи пулиси ноҳияи Сокулук чаҳор гумонбар фирор кардаанд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Эрнис Усмонбоев иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудаҳо субҳи 27 ноябр, тахминан соатҳои 6 гурехтаанд. Мақомоти корҳои дохилии вилояти Чуй ва шаҳри Бишкек амалиёти ҷустуҷӯии онҳоро оғоз кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, фирориҳо дар анҷоми ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла авбошӣ ва куштор гумонбаранд. "Онҳоро то содир шудани ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳ медоштанд. Дар робита ба фирори гумонбарон тафтишот шуруъ шудааст", - афзуд Усмонбоев.

Сухангӯи ВКД Қирғизистон мегӯяд, барои баҳои ҳуқуқӣ додан ба ин ҳодиса далелҳоро ба мақомоти додситонӣ супурдаанд ва тадобири амниятӣ низ дар постгоҳҳои пулис пурзӯр шудааст.

XS
SM
MD
LG