Ссылки доступа

Густариши ҳамкориҳои Қазоқистону Ӯзбекистон дар бахшҳои энерживу низомӣ


Фаъолгардонии ҳамкориҳои низомиву энержии ду кишвар рӯзи ҷумъаи 24 ноябр дар мулоқоти кории комисияи байниҳукуматии Қазоқистону Ӯзбекистон баррасӣ шуд.

Ноиб-сарвазири Ӯзбекистон Очилбой Раҳматов гуфт, табодули мол миёни ду кишвар дар соли ҷорӣ бештар аз 30 дарсад афзуда, ба 2 миллиард доллар расид. "Дар солҳои 2019-2020 мо ният дорем, онро то ба 5 миллиард бирасонем. Рӯи ин нақша кор мекунем, барои ин мо замина дорем. Ҳамаи монеаҳо амалан бардошта шудаанд", - гуфт вай.

Дар шумори самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ вай бахши ҳамлу нақл, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва саноати ҳарбиро ном бурд.

Аскар Мамин, ноиб-сарвазири Қазоқистон дар навбати худ гуфт, миёни ду кишвар шартномаи интиқоли дастгоҳҳои низомии Қазоқистон ба Ӯзбекистон имзо шуд.

Мамин ҳамчунин аз ҳамкориҳои муназзам дар бахши энержӣ, ба хусус, ҳамлу нақли нафти Русия тавассути Қазоқистон ба Ӯзбекистон ёдовар шуд.

Моҳи августи соли ҷорӣ вазоратҳои дифои Қазоқистону Ӯзбекистон бори аввал дар таърихи муносибатҳои дуҷониба нақшаи ҳамкории низомиро имзо карданд ва моҳи сентябр созишномаи байниҳукуматӣ дар бахши низомиву техникӣ имзо шуд.

XS
SM
MD
LG