Ссылки доступа

Дар Балӣ дар пайи аломатҳои хуруҷи вулқон то 100 ҳазор одам кӯчонида шуд (видео)


Мақомоти Индонезия субҳи рӯзи душанбе дар ҷазираи Балӣ дар пайи аломатҳои хуруҷи вулқони Агунг сатҳи баланди хатарро эълон карданд. Вулқоншиносон ҳушдор медиҳанд, ки хуруҷ метавонад ҳар лаҳза шуруъ шавад: заминларзаҳои бошиддат ва таркиши замин дар чандкилометрии вулқон эҳсос мешавад.

Дар ҷазира кӯчонидани одамон, аз ҷумла сайёҳон шуруъ шуд. Интизор меравад, то 100 ҳазор одам, аз ҷумла 60 ҳазор сайёҳ аз ҷазира ба ҷойҳои амн интиқол дода шаванд. Мақомот ҳамчунин ним миллион ниқоби тиббӣ омода кардаанд, ки ба сокинони маҳаллӣ тақсим карда мешавад.

Бори аввал вулқони Агунг 21 ноябр аз худ дарак дод. Дуд ва буғи вулқон то баландии 700 метр бархост. Он замон кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи маҳаллӣ сатҳи фаъолнокии вулқонро пойин нишон дода буд. Рӯзи якшанбе хуруҷи дувум шуруъ шуд. Баъди он парвоз ба Балӣ қатъ ва фурудгоҳи маҳаллӣ баста шуд.

Соли 1963, замоне ки Агунг бори охир хуруҷ карда буд, дуди он ба баландии 26 километр аз сатҳи баҳр расид. Он замон дар Балӣ бештар аз 1000 одам фавтид.

XS
SM
MD
LG