Ссылки доступа

"Ман бо духтарам ифтихор мекунам" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дар Остона фаъоли шаҳрвандӣ Махамбет Абжановро суд мекунанд. Вай дар қаллобӣ айбдор мешавад. Айбдоркунандаи давлатӣ барои вай қариб 5 сол зиндон талаб дорад (видео аз Директ)

- Созиши “Агроинвестбонк” ва 2 ширкати сохтмонӣ. Ширкатҳои “Бунёдгар” ва “Империя Востока” - фармоишгарони сохтмони як манзили 12-табақа дар хиёбони Рудакӣ ба таҳияи санадҳои соҳибони ин манзил, ки аз ҳудуди 100 хонавода иборат мебошад, шуруъ карданд (видео)

- "Ман бо духтарам ифтихор мекунам". Давлаталӣ Шарифов, як сокини шаҳри Душанбе барои иншои беҳтарин дар бораи чаҳор духтари донишҷӯяш барандаи ҷоизаи Созмони Милали Муттаҳид шуд (видео)

- Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд. Дар пайи боришоти зиёди барф ва тамбашавии нақлиёт аз шоми 26 ноябр ҳаракат барои воситаҳои нақлиёт бахусус мошинҳои гаронҳаҷм дар роҳи мазкур мушкил шуд ва мақомоти ширкати масъули ин роҳ муваққатан ҳарақат дар роҳро масдуд кард (видео)

- Ҳадди ақал 53 сокини осоишта дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар деҳаи Ал-Шафаҳи Сурия кушта шуданд (видеои Настоящее время)

- Дар Балӣ хуруҷи вулқони Агунг шуруъ шуд: аксҳои тарсовар, аммо диданӣ (видеои Настоящее время)​

- "Эътироз бо дастони завлонабанд" вазири қазоқро водошт, ки бо рӯзноманигор мулоқот кунад. "Эътироз бо дастони завлонабанд" натиҷа дод. Журналист Дониёр Молдабеков зидди тағйироти нав ба қонун дар бораи расонаҳо эътироз ва мулоқот бо вазири иттилоъро талаб кард. Даурен Абаев розӣ шуд бо рӯзноманигор мулоқот кунад (видеои Настоящее время)

- Ҷавонтарин роҳбарони сиёсӣ. Себастян Куртси 31-сола соли ҷорӣ садри аъзами Австрия интихоб ва ҷавонтарин роҳбари сиёсии ҷаҳон шуд (видео аз Директ)

- Папаи Рим Франсиск ба Мянмар омад. Вай бо роҳбарони кишвар, аз ҷумла бо фармондеҳи артиш, бо генерал Мин Аунг Хлаин мулоқот кард (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG