Ссылки доступа

Бонкҳои Ӯзбекистон сармоягузории идеяҳои Мирзиёевро қатъ карданд


Бонкҳои Ӯзбекистон мегӯянд, аз моҳи декабри соли равон сармоягузории соҳибкорони хурдро, ки мехоҳанд, мурғ ва лимӯ парвариш кунанд, пурра қатъ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи яке аз масъулони Бонки қарзҳои хурди вилояти Фарғона, ин гуна тарҳҳо корсоз нестанд. Идеяи парвариши мурғ ва лимӯро ба шаҳрвандони Ӯзбекистон президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ибтидои соли равон пешниҳод карда буд.

Мақомоти як қатор ноҳияҳои Ӯзбекистон дар пайи ин пешниҳод ҳатто мудирони мактаб ва боғчаҳоро маҷбур карданд, ки лимӯхона созанд. Бештари дарахтҳои лимӯ ба иллати бепарасторӣ зуд хушкиданд. Як кишоварзи 27-сола аз вилояти Ҷиззах низ тасдиқ кард, ки дарахтҳои лимӯи бештари сокинони камбизоат хушк гаштаанд.

Бо мурғпарварони бетаҷриба ҳам ин гуна ҳодиса рух дод. Як корманди Департаменти давлатии бойтории шаҳри Тошканд гуфт, бештари мурғпарварон намедонистанд, ки чӯҷаҳо ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд ва бо он беморӣ чи гуна бояд мубориза бурд.

"Бонкҳо ба оилаҳои камдаромад пулро қарз доданд ва онҳо низ рафта, чӯҷаҳоеро хариданд, ки бояд дар корхонаҳои махсуси мурғпарварӣ нигаҳдорӣ шаванд. Бештари ин чӯҷаҳо дар шароити хонагӣ тоб наоварданд. Ҳамчунин чӯҷаҳое, ки мақомот ройгон тақсим карданд, мурданд. Дар ноҳияи Зарбдор, ки онҷо зиндагӣ дорам, ягон хонавода аз парвариши мурғ ва лимӯ даромад ба даст наовард. Мардум талош карданд, лимӯ парваранд, вале комёб нашуданд. Зеро заминҳои мо шӯр аст. Дар онҷо лимӯ намешавад", - изҳор дошт кишоварз Иброҳимҷон.

XS
SM
MD
LG