Ссылки доступа

Сокини Алмато барои "нашри нашид дар Интернет" зиндонӣ шуд


Додгоҳ сокини шаҳри Алматои Қазоқистон Шуҳрат Кибировро, ки дар Интернет нашидҳои исломӣ нашр намуд, ба ангехтани бадбинии динӣ ва таблиғи терроризм айбдор эълом ва 6 солу 8 моҳ зиндонӣ кард.

Айбдоркунандаи давлатӣ Ормон Оразбеков пештар аз додрас хоста буд, ки Кибировро 11 сол бо мусодираи молу мулк аз озодӣ маҳрум кунад.

Кибирови 32-сола гӯиё соли 2014, ҳангоми дар Русия будан дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" бо номи "Алим Ахметов" саҳифа боз ва нашидҳои чечениву арабӣ нашр кардааст

Худи Шуҳрат Кибиров дар додгоҳ ин айбро рад кард. "Маро ба чӣ айбдор мекунед?"- суол кардааст ӯ дар додгоҳ. Аммо ба гуфтаи вакили дифоъ Галим Нурпеисов, Кибиров ба суоли худ посух нагирифтааст. Нурпеисов гуфт, тасмим доранд, аз болои ҳукми додгоҳ шикоят баранд.

Ба гуфтаи вай, ин ҳукми додгоҳ нишон дод, ки дар Қазоқистон бо ҷурми терроризм ва тундгароии динӣ дилхоҳ шаҳрванди оддиро метавонанд зиндонӣ кунанд. Чанд соли охир бар асоси хулосаи коршиносе, ки матни нашидҳоро ташхис мекунад, бисёре аз сокинон зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG