Ссылки доступа

Дар Тошканд манзилҳои ниёзмандонро ба сарватмандон ва мансабдорон доданд


Манзилҳои баландошёнаҳо, ки дар ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бо дастури президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев сохта шудааст, мебоист ба оилаҳои ниёзманд тақсим мешуд, аммо бо роҳи қаллобӣ ба афроди дигар дода шуданд.

Додситонии Ӯзбекистон баъди шикояти президент тафтишро шуруъ кардааст.

"17 ноябр президент Мирзиёев дар маросими кушодашавии биноҳои баландошёнаи мазкур ширкат кард. Он замон касе шикоят кард, ки хонаҳо ба ниёзмандон нарасиданд, балки ба мансабдорону сарватмандон тақсим шуданд. Мирзиёев дастур дод, ки ин шикоят тафтиш шавад. Мақомоти Ӯзбекистон ба тафтиш шуруъ карданд", - мегӯяд як манбаъ аз мақомоти он кишвар.

"Ин манзилҳо бояд аз рӯи низоми муайян тақсим мешуданд. Танҳо он ниёзмандоне ҳаққи дарёфти хонаро доштанд, ки дар номаш манзили дигар сабт нашудааст. Вале бархе одамон бо пешниҳоди санадҳои тақаллубӣ соҳиби манзил шуданд", - хабар медиҳад шаҳрдори Тошканд.

XS
SM
MD
LG