Ссылки доступа

600 мошини борбар дар марзи Қирғизистону Қазоқистон дармондаанд


Бино бар иттилои хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек" 490 мошини борбар, дар гузаргоҳи "Чон-Капка"-и вилояти Таласи Қирғизистон 162 мошини борбар навбатпоӣ мекунанд. Дар гузаргоҳҳои дигар ҷамъшавии мошинҳо мушоҳида намешавад.

Қазоқистон аз 10 октябр санҷишро дар марз бо Қирғизистон сахттар кард, ки дар натиҷа сафи навбатпоён дар гузаргоҳҳо ба садҳо метр расид. Санҷиш баъди он сахттар шуд, ки президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбов мақомоти Қазоқистонро дар дахолат ба умури дохилии кишвараш айбдор кард.

Дар ибтидо Остона мегуфт, пурзӯршавии назорати марзӣ ба интихоботи президентӣ рабт дорад. Аммо баъдтар мақомоти Қазоқистон гуфтанд, оморе, ки ҷониби Қирғизистон дар робита ба доду гирифташ бо Чин пешниҳод мекунад, бо омори пешниҳодии Чин фарқ дорад. Ҳукумати Қирғизистон ин иддаоро рад мекунад.

Ҳукумати Қирғизистон пурзӯршавии назорати марзиро муҳосираи иқтисодӣ номида, ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Комисияи иқтисодии Авруосиё шикоят бурд.

XS
SM
MD
LG