Ссылки доступа

Чаҳор шаҳрванди Қазоқистон ба терроризм айбдор мешаванд


Чаҳор сокини вилояти Оқтеппаи Қазоқистон бо гумони терроризм ба ҳабс гирифта шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии додгоҳи вилоят иттилоъ додааст.

Саркулови 26-сола, Мирзокаримов, Давлатёров ва Сауанаеви 19-сола дар таблиғи терроризм ё даъвати оммавӣ ба амалҳои террористӣ айбдор мешаванд. Ба онҳо аз 7 то 12 соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Парвандаро Департаменти амнияти миллии Оқтеппа тафтиш дорад. Гумонбарон 25 ноябр бо қарори додгоҳи шаҳри Оқтеппа ду моҳ ба ҳабс гирифта шуданд.

Ҷузъиёти қазия ба далели халал ворид нашудан ба раванди тафтишот ошкор карда намешавад.

XS
SM
MD
LG