Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ду гумонбари фирориро боздошт карданд


Мақомоти вилояти Чуйи Қирғизистон мегӯянд, ду тани гумонбароне, ки аз боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи пулиси ноҳияи Сокулук субҳи 26 ноябр фирор карда буданд, боздошт шуданд.

Ба гуфтаи сухангӯи Раёсати корҳои дохилии Чуй Нурбек Токтосунов, пулис Рамил Бозорқулов ва Боқид Дилдешовро дар шаҳри Бишкек дастгир кардааст. Ду нафари дигари онҳо - Багтият Ачилдурдиеви 32-сола ва Кайрат Жанботоеви 28-сола ҳанӯз дастгир нашудаанд.

Ёдрас мешавем, субҳи 27 ноябр, тахминан соатҳои 6 чаҳор нафари гумонбар дар ҷиноятҳои сангин аз боздоштгоҳи пулиси Сокулук фирор карданд. Дар натиҷа мақомоти корҳои дохилии Чуй ва Бишкек амалиёти муштараки ҷустуҷӯи фирориёнро оғоз карда буданд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Эрнис Усмонбоев гуфт, гумонбарони фирорӣ дар анҷоми ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла авбошӣ ва куштор айбдоранд.

XS
SM
MD
LG