Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон 80-солагии Ислом Каримовро таҷлил мекунанд


Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон фармон "Дар бораи таҷлили 80-солагии президенти нахустини ҷумҳурӣ, сиёсатмадор ва корманди барҷастаи давлатӣ Ислом Абдулғаниевич Каримов"-ро имзо кард.

Дар ин ҳуҷҷат омадааст, ки фармон бо назардошти "хизматҳои таърихии президенти нахустини Ӯзбекистон дар касби истиқлолият, таъмини рушди устувори кишвар, инчунин бо ҳадафи гиромӣ доштани ёди ӯ" имзо мешавад.

Миёни чорабиниҳои дар назар буда - кушодашавии зиёратгоҳи Каримов дар моҳи январи соли 2018 дар шаҳри Самарқанд ва пардапардорӣ аз пайкараи вай дар шаҳри Қаршӣ - низ ҳастанд.

Инчунин сохтани филм дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Каримов, нашри китобҳои дар бораи вай ва он китобҳое, ки худи Каримов навиштааст, дар назар аст. Дар Самарқанд ҳамчунин конфронси байналхалқии илмӣ дар мавзуи "Ислом Каримов - асосгузори Ҷумҳурии мустақили Ӯзбекистон" дар назар аст.

Дар муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои низомӣ, эътилофҳои меҳнатӣ ва мақомоти маҳаллӣ бо ширкати шоирону олимон бахшида ба гиромидошти хотираи Каримов мулоқот баргузор мешавад.

Ислом Каримов 30 январи соли 1938 таваллуд ва сар аз соли 1991 то лаҳзаи марг президенти Ӯзбекистон буд. Расман вай 2 сентябри соли 2016 дар синни 79-солагӣ аз сактаи мағзӣ вафот кард.

XS
SM
MD
LG