Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон боз як пирамидаи молиро ошкор карданд


Дар ноҳияи Янгиюли вилояти Тошканд Нуриддин Абилғозиеви 38-сола, яке аз пайравони бунёдгузорони зиндонии пирамидаи молӣ дар Ӯзбекистон -- Аҳмад Турсунбоев ва Баҳодур Уринбоевро боздошт карданд. Турсунбоеву Уринбоев соли гузашта бо гумони қаллобӣ ҳабс шуда буданд.

Ба иттилои расмӣ, Абилғозиев бо се шарикаш ширкати "Dilshod Avto Savdo"-ро таъсис додааст. Тибқи аснод, ин ширкат гӯиё ҳангоми хариду фурӯши мошин ба ҳайси миёнарав амал мекунад. Вале дар асл, масъулони он бо ваъдаи додани фоидаи калон аз сокинон пул, ашёи қимматбаҳо, амволи ғайриманқул, мошин, ҳайвонҳои хонагӣ мегирифтаанд.

Тавре маълум кардаанд, Абилғозиев ин пулу моли мардумро дар ширкати худ сармоягузорӣ намекардааст. Бо як қисми онҳо барои ба даст овардани боварии сокинони дигар баҳраи қарздоронро пардохт ва боқиро бо шариконаш тақсим мекардааст. Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ӯзбек, Нуриддин Абилғозиев бо ин роҳ садҳо одамро фиреб додааст.

Додгоҳи Янгиюл ахиран Абилғозиев ва шарикони ӯро вазифадор кард, ки беш аз 700 миллион сӯм ($8750)-ро баргардонанд. Ба ҷуз ин, беш аз 125 мошини сабукраву боркаш, ки ҳанӯз "тақсим" нашудаанд, бояд дар доираи қонун ба соҳибонашон баргардонида шаванд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки нисбати Абилғозиев ва шариконаш чи гуна ҳукм содир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG