Ссылки доступа

Баъди гаравгонгирӣ дар артиш: чаҳор афсар аз мақом барканор шуд


Раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон чор тан аз масъулони як қисми низомӣ дар ноҳияи Дарвозро бо сабаби вуқӯи ҳодисаи ба гарав афтодани як прапоршик бо дасти сарбоз аз мақомашон барканор кардааст.

Тафтиши парвандаи кушта шудани ин сарбоз ба анҷом расида, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Се моҳи пеш, рӯзи 25-уми август мақомот гуфтанд, ки сарбози қисми ҳарбии сарҳадбонӣ Сафарбек Хонов пас аз гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ дар ҳудуди деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кушта ё ба истилоҳи тафтишот безарар гардонда шуд.

Додситонии низомии вилояти Бадахшони Тоҷикистон нисбати ин чаҳор масъули қисми низомӣ, ки иҷоза додаанд, чунин ҳодиса рух бидиҳад, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Як манбаъ аз мақомоти интизомии вилояти Бадахшон рӯзи 27-уми ноябр гуфт, тафтиши парвандаи ин чаҳор нафар ба охир расидааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябри соли равон гуфт, ҷузъиёти тафтишот то ҳол ба дасти онҳо нарасидааст, вале масъулони қисми низомӣ ҳоло танҳо барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифа барканор шудаанд.

Пайвандони Сафарбек Хонов, як сокини ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, ки бо далели гаравгон гирифтани прапоршик кушта шуд, мегӯянд, умедворанд, ки гунаҳкорон ҷазои сазовар мегиранд. Онҳо иддао доранд, фарзандашон зери фишор, ки боиси асабонияташ шудааст, даст ба чунин кор задааст.

XS
SM
MD
LG