Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ боз як мушаки болдор сар дод


Президенти ИМА Доналд Трамп ба партоби навбатии мушаки болдори байниқитъавии Куриёи Шимолӣ вокуниш нишон дод. "Бо ин вазъ машғул хоҳем шуд", - гуфт Трамп бо худдорӣ аз шарҳи бештари қазия.

Манобеи низомии Куриёи Ҷанубӣ хабар доданд, ки Пхенян озмоиши навбатии мушакӣ анҷом додааст. Мақомоти Сеул мегӯянд, мушаки Куриёи Шимолӣ ҳанӯз дар осмон буд, ки онҳо бо партоби озмоишии мушаки худ ба он посух доданд.

Вазорати дифои ИМА партоби мушак аз Куриёи Шимолиро ба қайд гирифтааст. Ин мушак ҳудуди ҳазор километр парвоз карда, дар баҳри Ҷопон афтидааст. Манобеи дигар гуфтанд, ки парвози мушак ҳудуди 50 дақиқа давом кард. Телевизиони CNN мегӯяд, ин бори панҷум аст, мушаки Пхенян дар соли 2017 ба минтақаи озоди иқтисодии Ҷопон "меафтад".

Низомиёни ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ иттилои марбут ба озмоиши навро таҳлил доранд. Бино ба хабарҳо аз ҷазираи Гуам, мушаки Куриёи Шимолӣ, ки дар ғарби уқёнуси Ором суқут кард ва ба ин минтақаи Амрико "таҳдиди бевосита"-е надошт.

XS
SM
MD
LG