Ссылки доступа

Нахустин ҳавопаймои Афғонистон дар фурудгоҳи Тошканд нишаст


Нахустин ҳавопаймои масири Кобул-Тошканд рӯзи 29 ноябр дар фурудгоҳи байналхалқии ба номи Ислом Каримови шаҳри Тошканди Ӯзбекистон нишаст. Сар аз 8 декабр парвозҳои Кобул-Тошканд ҳафтае ду бор - чаҳоршанбе ва якшанбе сурат мегиранд.

Мусофирон аз Афғонистон пештар барои расидан ба Тошканд тавассути Истамбул ё Дубай парвоз карда, аз 17 то 32 соат вақт сарф мекарданд. Бо фароҳам шудани парвозҳои мустақим, ҳамакнун расидан аз Кобул ба Тошканд 1,5 соат вақт мегирад.

Фурудгоҳи байналхалқии Тошканд ҳамзамон метавонад мусофирони ширкати ҳавопаймоии Kam Air-ро ба Олмон, Бритониё ва дигар кишварҳои Аврупо бирасонад.

Хати парвози нави Кобул-Тошканд танҳо қисме аз ҳамкориҳои Тошканду Кобул аст. Бар асоси шартнома, сарнишинони афғон дар Тошканд омӯзиш ва инчунин ҳавопаймоҳои Kam Air дар ширкати Uzbekistan Airways Technics таъмир мешаванд.

Дар ояндаи наздик ширкатҳои ҳавопаймоии Ӯзбекистон низ ба Афғонистон парвоз анҷом хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG