Ссылки доступа

Додгоҳи Юнон узви ҲНИТ-ро ба Тоҷикистон истирдод накард


Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) гуфт, бо қарори Додгоҳи Олии Юнон Шоҳнаими Карим (Мирзораҳим Кузов) - узви ин ҳизб, ки тавассути Интерпол дар фурудгоҳи Атен рӯзи 9 октябр боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод намешавад. Кузови 57-сола аз толори мурофиа озод карда шуд.

Додгоҳи Олии Юнон дар қарори худ гуфтааст, ки бино ба сабаби дорои ангезаҳои сиёсӣ будани қазияи Кузов, ӯро ба ватан истирдод намекунад. Қозии додгоҳ Кузовро аз толори додгоҳ озод кард ва иттиҳоми ворида алайҳи ӯро беасос донист. ​Дар ин бора рӯзи 29 ноябр сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷони Файзраҳмон хабар дод. Вай гуфт, ки қарори додгоҳ рӯзи 29 ноябр дар шаҳри Атен содир шуд. Дар ин мурофиа раҳбарияти ҳизб ҳам иштирок кардааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов рӯзи 11-уми октябр хабар дода буд, ки Шоҳнаими Карим дар ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава иштирок кард, ки рӯзи 22-юми сентябр ба кори худ анҷом дод. Рӯзи 9-уми октябр, ба гуфтаи ӯ, дар роҳи бозгашт аз Варшава ба самти Теҳрон, Шоҳнаими Карим аз ҷониби марзбонони юнонӣ дар минтақаи транзитии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Атен боздошт шуд.

ҲНИТ баъд аз ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Дар пайи он 13 узви раёсати ҳизб боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла ду нафари онҳо ба ҳабси абад, маҳкум шуданд. Ҳамаи маҳкумшудаҳо парвандаҳои худро дур аз воқеият ва ҳам дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG