Ссылки доступа

Манзили сокини Исфараро аз минтақаи ҷанҷолии марз кӯчонданд


Манзили зисти сокини шаҳри Исфара Ҳасан Ҳасанов, ки дар марз бо Қирғизистон воқеъ буд, баъди гуфтугӯи мақомоти ду кишвар тахриб шудааст. Ин манзил дар мавзеи Кулик, дар минтақаи баҳсии мавсум ба “Хоҷаи Ғорбобо” ҷойгир буд. Манобеъ гуфтанд, ки манзили навбунёдро ҷониби Қирғизистон “манбаи ихтилоф” номидааст.

Як манбаъ дар ҳукумати Исфара 30 ноябр гуфт, мақомоти Қирғизистон хостанд, то дақиқ шудани хати марз ин манзил кӯчонда шавад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Ҳасанов ду сол пеш барои бунёди манзил дар ин минтақа аз шаҳрдории Исфара иҷозат гирифта буд. Мақомот ҳоло ӯро розӣ кардаанд, то муваққатан ба деҳаи Қалъача кӯчад.

“Масъулони вилояти Бодканд гуфтанд, ки теъдоди зиёди шаҳрвандон ба бунёди манзили мазкур эътироз доранд. Онҳо гуфтанд, агар ин манзил кӯчонда нашавад, эҳтимол, ихтилофи дигаре миёни сокинон ба вуҷуд биояд. Миёни ҷонибҳо машварат шуд, ки ба хотири нофаҳмӣ нашудан бояд манзил муваққатан кӯчонда шавад”, - афзуд манбаъ.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ба хотири рух надодани нофаҳмӣ ҷониби Тоҷикистон низ ба кӯч додани манзил розӣ шуд, вале ин маънои онро надорад, ки мавзеъ ба қирғизҳо тааллуқ дорад.

Кӯч додани манзили сокини шаҳри Исфара аз минтақаи "Хоҷаи Ғорбобо" дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта мақомоти Қирғизистон аз комисияи таъйин ва аломатгузории марзи ин кишвар бо Тоҷикистон хостаанд, то дақиқ кунад, ин минтақа ба кадоме аз ҳамсояҳо тааллуқ дорад.

“Хоҷаи Ғорбобо”, ки ба қавли сокинон аз доманакӯҳҳо иборат аст, дар ҳудуди ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара воқеъ мебошад. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар доманакӯҳҳо асосан чорвои сокинони ин кишвар мечаранд. Аммо тарафи Тоҷикистон мегӯяд, ин мавзеъ аз қадим дар ҳудуди ҷамоати Ворух буд. Онҳо мегӯянд, дар ин маҳал мазори Хоҷаи Ғорбобо ҳам ҷойгир аст, ки аз маконҳои зиёрати сокинони Исфара ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG