Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ангиштканони “Қазахмис” корпартоӣ карданд


Фаъолони маданӣ хабар медиҳанд, ки дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон ангиштканони ширкати “Қазахмис” даст ба корпартоӣ задаанд. Манобеи огаҳ аз қазия мегӯянд, ангиштканони қазоқ талаб доранд, ки шароити кории онҳо беҳтар карда шавад.

Аз корпартоии ангиштканони “Қазахмис” фаъолони маданӣ дар Фейсбук хабар доданд. Тавре видеову аксҳои нашршуда нишон медиҳанд, даҳҳо одам дар назди бинои маъмурии шахтаи рақами 65-и кони Жезказгани Ҷанубӣ ҷамъ шудаанд. Ин кон дар 10-километрии шаҳри Сатпаев ҷойгир аст.

Бино ба хабарҳо, ангиштканони норозӣ талаб доранд, ки ҳаҷми маош, нафақа ва ҷубронпулии онҳоро баланд бардоранд ва вохӯрияшонро бо раҳбари шӯрои мудирони ширкат Эдуард Огай баргузор кунанд.

Дар хадамоти матбуотии ширкати “Қазахмис” ваъда доданд, ки каме баъдтар дар ин бора иттилои расмӣ пахш хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG