Ссылки доступа

Ду сокини Душанбе барои кӯшиши фиреби сафорати ИМА муҷозот шуданд


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ду шаҳрванди Тоҷикистон -- Шодиёр Норқулов ва Моҳира Раҳимоваро барои муҳрҳои қалбакӣ ва қасди фиреби масъулони сафорати Амрико дар кишвар муҷозот кардааст.

Норқулов ва Раҳимова моҳи марти соли равон ба хотири осон дарёфт кардани раводид дар шиносномаҳои худ чанд муҳри қалбакӣ зада, худро ба масъулони сафорати Амрико дар Душанбе тоҷир муаррифӣ кардаанд.

“Онҳо мехостанд, ки осон визаи Амрикоро бигиранд ва ба ин хотир дар шиноснома чанд муҳри қалбакӣ гузоштаанд. Мақомоти сафорати Амрико аз ин кор огоҳ шуда, мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро дар ҷараён гузоштаанд”, - гуфт як манбаъ дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ.

Дар қарори додгоҳ омадааст, ки нафари севум бо номи Бахтиёр дар ивази чиҳил доллари амрикоӣ ба шиносномаи Шодиёр Норқулов муҳри қалбакии нуқтаи назоратии гузаргоҳҳои марзии Озарбойҷон, Белорус ва КПП “Душанбе”-ро гузоштааст.

Дар идома гуфта шуда, ки ин шиноснома баъдан барои ташхис ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва сипас ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фиристода шуд. Дар Раёсати назорати сарҳадии нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтаанд, ки муҳрҳо ғайриқонунӣ гузошта шудаанд.

Додгоҳ ҳарду сокини кишварро, дар маҷмуъ, ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ҷарима вазифадор кардаааст. Онҳо дар ҳоли ҳозир, дар озодиянд.

Бархе аз сокинон мегӯянд, масъулони сафорати Амрико ҳангоми додани раводид бештар ба одамоне бартарӣ медиҳанд, ки дар Тоҷикистон соҳиби тиҷоратанд, ё моликият доранд, зану фарзандашон ҳаст ва дар бонк амонат ё пасандоз гузоштаанд.

Ин зоҳиран гаравест, ки дар сафорати Амрико бовар доранд, шаҳрванди Тоҷикистон баъди адои муҳлати раводид ба кишвар бармегардад ё ҳадди ақал онҳоро фиреб намекунад.

XS
SM
MD
LG