Ссылки доступа

The New York Times: Дар Кохи сафед мехоҳанд, Тиллерсонро барканор кунанд


Рекс Тиллерсон

Дар Кохи сафед мехоҳанд, Рекс Тиллерсонро аз мақоми котиби давлатии ИМА барканор ва ба ҷои ӯ сардори Идораи марказии иктишофӣ Майк Помпеоро таъйин кунанд. Дар ин бора нашрияи The New York Times бо истинод ба як манбаи муътамадаш дар маъмурияти ИМА иттилоъ додааст.

Дертар ин хабарро хабаргузориҳои Associated Press, Reuters ва чанд расонаи дигар низ нашр карданд. Дар Кохи сафед хабарҳо дар бораи ин тағйироти эҳтимолии кадриро рад карданд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати The New York Times, интизор меравад, Тиллерсон тайи чанд ҳафтаи наздик барканор шавад. Манбаъ афзудааст, ки сардори Идораи марказии иктишофӣ ҷонибдори наздики президент Доналд Трамп ва сенатори ҷумҳурихоҳ Том Коттон таъйин хоҳад шуд. Нашрия дақиқ нагуфтааст, ки ин нақшаи Кохи сафедро Трамп тасдиқ кардааст, ё не.

Ибтидои моҳи октябри соли равон низ телевизиони NBC хабар дода буд, ки Тиллерсон мехоҳад, ба далели баҳс бо Трамп истеъфо диҳад. Манбаи NBC гуфта буд, ки котиби давлатии ИМА ҳанӯз тобистони соли равон мехост, аз мақомаш истеъфо диҳад, вале муовини президент Майк Пенс аз ӯ хоҳиш кард, бимонад. Тиллерсон ин хабарҳоро рад карда, гуфт, ба монанди пешин "вафодори президент" боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG