Ссылки доступа

"Казахмис" дар бораи "ҳал шудани баҳси меҳнатӣ" бо куҳканҳо хабар дод


Бино бар иттилои фаъолон ва ширкати "Казахмис", дар натиҷаи гуфтугӯ бо куҳканҳо дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон, ки баланд шудани маош ва беҳ шудани шароити кориро талаб доштанд, созиш ҳосил шудааст.

Ширкати "Казахмис" "дар бораи ҳал шудани баҳси меҳнатӣ, ки дар кони Жезказгани Ҷанубӣ сар зада буд", хабар дод. "Ҳамаи корхонаҳои ширкати "Казахмис" дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият мекунанд", - хабар дод маркази матбуотии "Казахмис".

Даҳҳо куҳкан рӯзи 29 ноябр бо нишони эътироз нахостанд аз нақб ба боло бароянд. Онҳо талаб доштанд, ки маошашон 70 дарсад зиёд шавад, нафақа илова гардад ва ба табобату таҳсил дастрасӣ пайдо кунанд.

Хабар дода мешавад, ки чандсад тани дигар аз конканҳо эътирозро дар наздикии кон як рӯзи дигар идома додаанд.

Шоҳидон аз қисман қонеъ шудани талаботи конканҳо хабар медиҳанд.

Ширкати хусусии "Казахмис" яке аз калонтарин истеҳсолгарони филизоти рангаи ҷаҳон аст.

XS
SM
MD
LG