Ссылки доступа

Назарбоев Ҷеенбековро ба Қазоқистон даъват кард (видео)


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷеенбековро бо сафари расмӣ ба Қазоқистон даъват кард. Дар ин бора Назарбоев пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар шаҳри Минск хабар дод.

"Дар ҷараёни сафар дурнамои муносибатҳои Қирғизистону Қазоқистонро баррасӣ мекунем", - гуфт Назарбоев. Ҷеенбеков бо ҳамтои қазоқаш дар ҳошияи ҷаласаи СПАД дар Минск танзими вазъи марзи ду кишварро ба баррасӣ гирифтанд.

Назарбоев Ҷеенбековро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик кард ва гуфт, муносибатҳои бародарона ва ҳусни ҳамсоядорӣ миёни ду кишвар густариш хоҳанд ёфт.

"Мо бо Нурсултон Абишевич дар мавриди ҳамаи масъалаҳои мавҷуда суҳбат кардем ва ба хулосаи ягона омадем. "Харитаи роҳ" ҳаст, ҳукуматҳои ду кишвар кор мекунанд, давоми моҳи декабр корро дар ин самт ба охир мерасонем. Дар марз назорати муштарак барқарор мекунем", - гуфт Сооробой Ҷеенбеков.

Сар аз 10 октябр Қазоқистон назоратро дар марз бо Қирғизистон сахттар кард, ки ин боиси навбатпоии тӯлонии мошинҳои борбар шуд.

XS
SM
MD
LG