Ссылки доступа

Гӯшти мурғ: аз Бразилия то Тоҷикистон дар чанд моҳ? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 30-уми ноябри 2017 (HD)

- Гӯшти мурғ: аз Бразилия то Тоҷикистон дар чанд моҳ? Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор тонна гӯшти мурғ ворид шудааст, ҳарчанд ҳамасола ин рақам наздики 64 ҳазор тонна будааст. Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 ноябр президент Эмомалӣ Раҳмон раҳбари панҷ ниҳоди муваззаф ба воридоти маҳсулоти гӯштӣ ба Тоҷикистонро барои маҳсулоти пастсифати ғизоӣ муҷозот кард. (видео)

- Сафар: Дар зиндон гирифтори вируси HIV шудам. Сафар 35 сол дорад. Ин мард гирифтори вируси норасоии масунияти бадан аст. Якуним сол пеш, дар остонаи арӯсии нахустинаш аз ӯву арӯси номзадаш тақозо шуд, ки аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Баъди ду рӯзи озмоиш ба Сафар гуфтанд, ки дар хунаш нишонаҳои вируси HIV ошкор шудааст. (видео)

- Ҳасиби заҳролуд барои сагҳои хиёбонӣ дар Хоруғ? Дар ин шабу рӯз дар Хоруғ сагҳои дайдуи зиёдро дидан мумкин аст, ки дар ҳолати ҷонканӣ ва хашму девонагии пеш аз марг қарор доранд. Бархе аз сокинон мегӯянд, ба хотири тоза кардани шаҳр аз сагҳои бесоҳиб, ба ин ҷонварон ҳасиби заҳролуд дода мешавад. Саг дар муддати чандин соат ва бо азият ҷон медиҳад (видео)

- Номи гумонбари қатли Марҷонаи 20-сола эълон шуд. ВКД Тоҷикистон шоми 29 ноябр номи гумонбар дар қатли Марҷона Шерхонова, сокини 20-солаи шаҳри Турсунзодаро эълон кард (видео)

- Робия бо чаҳор фарзандаш сарпаноҳ ёфт. Баъд аз нашри матлаби Радиои Озодӣ дар бораи зиндагии сангини Робия Муродова, модари чаҳор фарзанд, дар як хобгоҳи шаҳри Душанбе марди хайрхоҳе ба онҳо дасти ёрӣ дароз кард. Ин шахс хонаводаи Робияро аз манзили иҷора дар Душанбе ба шимоли кишвар - шаҳри Бӯстон (Чкаловски собиқ) ба хонаи ройгону беминнат кӯч дод ва барояшон зиндагии роҳат фароҳам кард (видео)

- Ҳамлаи силоҳбадастон ба бинои ҳукумат дар Пешавари Покистон. Субҳи 1-уми декабр гурӯҳи силоҳбадаст ба бинои идораи кишоварзӣ дар шаҳри Пешавари Покистон ҳамла намуда, чанд танро захмӣ кард. Толибони Покистон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтаанд (видео)

- Калиди Канисои қиёмат дар дасти мусулмонон будааст. Бо фарорасии шом дар кӯчаҳои марказии Байтулмуқаддас Адиб Ҷавда озими Канисои қиёмат мешавад.Ӯ нозир ва масъули калиди дари ин макони муқаддаси пайравони дини насронӣ мебошад (видео)

- ​Марзи боз бо Ӯзбекистон роҳро барои талбандаҳо ҳамвор кард. Дар натиҷаи як амалиёт дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон баъзе аз шаҳрвандони Ӯзбекистонро боздошт шудаанд, ки барои талбандагӣ ба ин кишвар меомадаанд. (видео аз Директ)

- Сардтарин пойтахтҳо. Радиои Озодӣ сардтарин пойтахтҳои ҷаҳонро раддабандӣ кард (нигористон)

- Осиё: даъват ба чандҳамсарӣ ва хиёбони президент. Раҳбарони Қирғизистону Қазоқистон дар Минск вохӯрданд ва дасти ҳамдигарро фишӯрданд. Хиёбони нави Назарбоев ва даъват ба чандҳамсарӣ. (видео)

- "Ин мусоҳиба нест". Суҳбати солонаи Медведев бо рӯзноманигорон чи гуна гузашт. Сарвазир Дмитрий Медведев бо шабакаҳои телевизионӣ суҳбати солонаи худро анҷом дод. Ӯ дар бораи моҷарои доруҳои мамнуи нирӯафзо суҳбат кард ва онро як навъи "маъракаи зиддирусиягӣ" номид. (видеои Настоящее время)

- Раҳбари калисои католикҳои Рум ба Бангладеш омад. Понтифик бо сиёсатмадорон вохӯрда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои ҳалли буҳрони гурезаҳои роҳинҷа ба Бангладеш кумак кунанд. (видеои Настоящее время)

- Бародари кушташудаи Ким Чен Ин дар Малайзия бо худ маводи зидди гази заҳрогин доштааст. (видео аз Директ)

- Ким Чен Ин: сохтусози нирӯи ҳастаӣ ба поён расид! 29 ноябр раҳбари Куриёи Шимолӣ эълом кард, ки кишвараш мушаки болдор сар дод. (видео аз Директ)

- Вакилони мустақил салоҳиятҳои бештар мехоҳанд. Як гуруҳи вакилони мустақили маҷлиси шаҳрии Москва гуфтанд, мехоҳанд, лоиҳаи қонун оид ба худидоракунӣ дар пойтахти Русияро таҳия кунанд. (видео аз Директ)

- Мостар. 20 сол баъд аз ҷанг. Мостар, яке аз ёдгориҳои таърихии Босния ва Ҳерзеговина буд, ки қурбони ҷанги 9 ноябри соли 1993 шуд. Пули қадимӣ, ки соли 1566 дар давраи Усмониҳо бунёд ёфта буд, бо гулӯлаи тӯпхонаи хорватиҳо тахриб шуд (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG