Ссылки доступа

Департаменти давлатӣ хабарҳо дар бораи барканории Тиллерсонро рад кард


Департаменти давлатии ИМА хабари расонаҳо дар бораи онро, ки гӯиё Кохи сафед масъалаи барканории котиби давлатӣ Рекс Тиллерсонро баррасӣ дорад, рад кард.

Дар хадамоти матбуотии департамент гуфтанд, ки миёни Тиллерсон ва президенти ИМА Доналд Трамп ихтилофи назар вуҷуд дошт, вале он ба самтҳои сиёсӣ марбут буд. Пештар дар маъмурияти ИМА гуфта буданд, ки қасди тағйироти кадриро дар Департаменти давлатӣ надоранд.

The New York Times 30 ноябр бо истинод ба як манбаи худ дар маъмурияти ИМА иттилоъ дод, ки дар Кохи сафед мехоҳанд, Тиллерсонро аз мақоми котиби давлатӣ барканор ва ба ҷои ӯ сардори Идораи марказии иктишофӣ Майк Помпеоро таъйин кунанд. Дертар ин хабарро хабаргузориҳои Associated Press, Reuters ва чанд расонаи дигар низ нашр карданд.

Ибтидои моҳи октябри соли равон низ телевизиони NBC хабар дода буд, ки Тиллерсон мехоҳад, ба далели баҳс бо Трамп истеъфо диҳад. Манбаи NBC гуфта буд, ки котиби давлатии ИМА ҳанӯз тобистони соли равон мехост, аз мақомаш истеъфо диҳад, вале муовини президент Майк Пенс аз ӯ хоҳиш кард, бимонад. Тиллерсон ин хабарҳоро рад карда, гуфт, ба монанди пешин "вафодори президент" боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG