Ссылки доступа

ТАСС: артиши Ӯзбекистон соҳиби 12 чархболи русии Ми-35 мешавад


Вазорати дифои Ӯзбекистон бо “Рособоронэкспорт” дар мавриди дастрас кардани 12 чархболи зарбазани Ми-35 қарордодеро имзо кардааст. Дар ин бора як манбаи дипломатӣ рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни намоишгоҳи “Русия ва Ӯзбекистон: 25 соли шарикии стратегӣ” ба хабарнигори ТАСС иттилоъ додааст.

“Дар мавриди интиқоли 12 чархболи низомӣ ба Ӯзбекистон қарордоде имзо гашта ва раванди интиқоли онҳо соли 2018 оғоз хоҳад шуд. Дар ин бобат дар ҷараёни сафари ахири сарвазири Русия Дмитрий Медведев ба Ӯзбекистон гуфтугӯи тӯлонӣ анҷом ва шартҳои иҷрои қарордод низ баррасӣ шудааст”, - афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати расона, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Тошканд як ҳайати “Рособоронэкспорт” қарор дошта, бо намояндагони вазорати дифоъ ва Кумитаи давлатии саноати дифоии Ӯзбекистон гуфтугӯ доранд. “Мутахассисони рус бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон омадаанд ва раванди иҷрои қарордодро баррасӣ доранд”, - изҳор дошт ӯ.

Қарордоди мазкур миёни Тошканду Москва моҳи ноябри соли 2016 имзо шуда, ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи низомӣ-техникӣ, аз ҷумла муҷаҳҳаз кардани Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон бо техника ва аслиҳаи замонавӣ даъват мекунад.

Чархболҳои ҳарбии Ми-35 барои маҳв кардани техникаҳои зиреҳпӯш пешбинӣ шуда, ҳамчунин онҳоро мешавад дар ҳамлу нақли ҳайати шахсӣ, интиқоли захмиён ва бор истифода кард.

XS
SM
MD
LG