Ссылки доступа

Пули ғизои сарбозони туркманро волидонашон пардохт мекунанд


Сарбозони бархе аз қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи Туркманистон тайи чанд моҳи ахир аз волидони худ дархост мекардаанд, ки ба онҳо ғизо оранд. Ба гуфтаи як манбаи Бахши туркмании Радиои Озодӣ, моҳҳои ахир вазъи таъмини ғизоии сарбозони ин кишвар бад шудааст.

Модари сарбозе аз шаҳри Ишқобод гуфт, дар қисми низомие, ки фарзанди ӯ хидмат мекунад, аскаронро ҳамеша шӯлаи ҷавин медиҳанд. “Ба хотири он ки писарам гурусна намонад маҷбурам аз як канори кишвар ба канори дигари он биравам”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳудуди қисми низомӣ фурӯшгоҳи озуқа ҳаст ва сарбозон асосан бо ғизое таъмин мешаванд, ки аз ҳисоби падару модарашон аз он харидорӣ мешавад.

Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ин вазъ дар қисмҳои низомии дигари Туркманистон низ мушоҳида мешавад ва волидони сарбозон бо ҳар роҳ пули ғизои фарзандони худро мепардозанд. Аз ҷумла, бархеи онҳо пули ғизоро ба рақами телефони соҳиби фурӯшгоҳ мегузаронанд.

Моҳи октябри соли равон манобеи мустақил хабар доданд, ки андозаи ғизои сарбозони артиши Туркманистон коҳиш ёфтааст. Ба иттилои нашрияи "Хроника Туркменистана", ғизои сарбозонеро, ки дар қисми низомии вилояти Марӣ хидмат мекунанд, кам кардаанд.

Ин нашрия навишта буд, ки ҳаҷми таъминоти молии як сарбози қатории туркман дар як моҳ 68 манат (бо қурби расмӣ $20 ва қурби сиёҳ $10)-ро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG