Ссылки доступа

Мақомоти Туркманистон ба таҷлили Соли нав омода мешаванд


Баъди фармони президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар бораи омодагӣ ба таҷлили "бо шукуҳ"-и ҷашнҳои солинавӣ, дар мактабҳои Ишқобод рӯйхати хонандагонеро тартиб медиҳанд, ки бояд ба таври ҳатмӣ дар чорабиниҳои ҷашнӣ ширкат кунанд.

Ҳамчунин интихоби омӯзгорон низ шуруъ шудааст, ки бояд хонандагонро дар ин чорабиниҳо ҳамроҳӣ кунанд. "Ҳар сол ширкати маҷбурӣ дар чорабиниҳо ҳавсалаи ҷашнгирии Соли навро мекушад. Дар ивази он ки бояд ин ҷашнро дар ҳалқаи хонавода таҷлил кунем, маҷбур дар ҳавои сард дар кӯча бошем", - мегӯяд як омӯзгори 30-сола.

Ба гуфтаи вай, дар остонаи Соли нав дар бозор тақрибан ҳамаи маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти рӯзғор гарон ва маҳсулоти асосии ғизоӣ - орд, шакар ва равған дар мағозаҳо камчин шудааст.

Ин дар ҳолест, ки президенти Туркманистон фармони таъмини "фаровонии ғизо"-ро содир кард.

Дар ҳоли ҳозир дар бозорҳои Туркманистон бархе аз маҳсулоти камёфт бо нархи арзон, аммо бо теъдоди кам фурӯхта мешавад.

XS
SM
MD
LG