Ссылки доступа

Тундбод дар Хуҷанд 40 симчӯбу 4 истгоҳи барқиро хароб кардааст


Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ва баъзе аз ноҳияҳои қисми марказии вилояти Суғд, ки дар натиҷаи тунбод осеб дида буданд, то шоми 27 декабр барқарор нашуданд. Феълан танҳо бархе аз муассисаҳои иҷтимоӣ, ба монанди беморхонаву марказҳои саломатӣ бо барқ таъминанд.

Шаҳзода Бутаева, сухангӯи Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд шоми 27 декабр гуфт, "бар асари вазиши боди шадид дар шимоли Тоҷикистон хатҳои барқ ва трансформатору марказҳои барқрасонӣ, бомҳои хонаҳо хароб гардида, дарахтон шикаставу чаппа шудаанд. Ҳоло як комиссия осеби расидаро ҳисоб ва натиҷагирӣ мекунад".

Бар пояи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи ин тундбод шаби 26 ба 27 декабр дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он, 4 истгоҳи барқӣ, 40 симчӯб, зиёда аз 100 дарахт, боми якчанд манзилҳои баландошёна, иншооти обрасон, ноқилҳои барқ, беморхонаву мактабҳо, кӯдакистонҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим хароб шуда, аҳолӣ бе нерӯи барқ ва қисме бидуни об мондаанд.

27 декабр дар баъзе аз таълимгоҳҳои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла дар як қатор факултетҳои донишгоҳҳои шаҳр, ки аз вазиши боди сахт осеб дидаанд, таътил эълон шуд.

Бино ба гуфтаи мутахассисон, тайи 30-40 соли охир дар вилояти Суғд ин гуна шамоли сахт навазида буд.

XS
SM
MD
LG