Ссылки доступа

Дар Остона ронандагони автобусҳо маоши бештар талаб доранд (видео)


Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ронандагони автопарки №1 рӯзи 27 декабр назди маъмурияти коргоҳ ҷамъ шуда, талаб карданд, ки музди меҳнаташон зиёд ва шароити кориашон беҳ шавад. Ронандагони норозӣ мегӯянд, ҳоло маҷбуранд кори иловагӣ кунанд.

Абдураҳим Бейсен, як ронандаи эътирозгар мегӯяд, дар айни ҳол вай ва ҳамкоронаш дар моҳ наздики 500-600 доллар маош мегиранд.

"Дар як шабонарӯз 15-18 соат кор мекунем. Ҳар ронанда масъули автобусаш аст ва ҳамарӯза баъди анҷоми кор чанд соат дар навбат меистад, ки автобусро бишӯяд", - мегӯяд Бейсен.

Ронандагон талаб доранд, ки ҳадди ақал барои як соати корӣ ба онҳо 3 доллари ИМА пардохт шавад.

Маъмурияти автопарк ронандагонро қабул ва арзашонро шунид, аммо гуфт имкон надорад, маоши онҳоро зиёд кунад.

Мудири коргоҳ ба ронандагон пешниҳод кард, ки аъзои Иттиҳодияи коргарон шаванд ва тавассути иттиҳод мушкилашонро ҳал кунанд.

XS
SM
MD
LG