Ссылки доступа

Фаъолони қирғиз аз "хизматҳо"-и Отамбоев ба озодии баён ёдовар шуданд


Кумитаи ҳифзи озодии баён дар Қирғизистон аз як соли охир натиҷагирӣ ва ба бархе аз намояндагони ҳукумат мукофотҳои истеҳзоомез тақдим кард.

Одил Турдуқулов, узви кумита гуфт, президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҷоизаи "Баромадан аз доираи озодии баён"-ро гирифт.

Ба раиси КДАМ Абдил Сагизбоев ва раиси Додгоҳи олӣ Айнаш Токбоев ҷоизаҳои "Таъқиби озодандешон" ва "Додгоҳи кисагӣ шудаанд" тақдим гашт.

"Мо тасмим гирифтем, ки ин афродро ба хотири эҷод кардани монеа дар бахши озодии баён ва пушти панҷара шинондани сиёсатмадорон ҷоиза диҳем", - шарҳ дод Одил Турдуқулов.

Кумитаи ҳифзи озодии баён сар аз соли 2016 ба онҳое, ки дар рушди озодии баён саҳм мегузоранд ва ҳам ба онҳое, ки озодии баёнро маҳдуд мекунанд, мукофот медиҳад. Кумита мегӯяд, дар даврони роҳбарии Отамбоев наздики 30 сиёсатмадор таъқиб шуда, инчунин рӯзноманигорон зери фишор будаанд ва ҷаримаҳои чандмиллионӣ пардохтанд. Аммо мақомот инро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG