Ссылки доступа

Рӯзноманигори зиндонии ӯзбек Бобомурод Абдуллоев иҷборан аз вакили дифоъ даст кашид


Муфаттишони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон рӯзноманигори зиндонӣ Бобомурод Абдуллоевро маҷбур карданд, ки аз хизмати вакили дифоъ даст кашад. Дар ин бора раиси Гуруҳи ташаббускори вакилони дифои мустақили Ӯзбекистон Сурат Икромов хабар дод.

Сергей Майоров, вакили дифоъи Абдуллоев гуфт, 26 декабр ӯро муфаттиши Хадамоти амният Александр Веселов ба суҳбат даъват кардааст. "Муфаттиш гуфт, ки Абдуллоев 16 декабр дар бораи даст кашидан аз хизматрасонии ман арзиша навиштааст. Ман пурсидам, ки агар вай 16 декабр ариза навишта бошад, чаро 26 декабр бо ман суҳбат мекунед? Веселов гуфт, ба корҳои дигар банд буд", - нақл мекунад Майоров.

Вакили дифоъ талаб кардааст, ки ӯро ҳамроҳ бо нафари таҳти ҳимояташ танҳо гузоранд. Аммо муфаттиш гуфтааст, ки қонунгузорӣ ба ин иҷозат намедиҳад.

Бобомурод Абдуллоев дар аризааш навиштааст, ки мехоҳад вакили давлатӣ Шаҳзода Шарипова аз вай ҳимоят кунад.

"Абдуллоев ба ман гуфт, ба хотири он ки ман суханҳояшро ба Сурат Икромов расонидаам, аз хизматрасонии ман даст мекашад. Ба вай мақолаи Икромовро нишон доданд, ки дар он суҳбати нахустини ман бо Абдуллоев нашр шудааст", - хабар дод Сергей Майоров. Абдуллоев чанд нуктаи ин мақоларо рад кард.

Бобомурод Абдуллоеви 44-сола охири моҳи сентябри соли ҷорӣ боздошт шуд. Вай дар "Ташкили ғасби ҳукумат ва барҳам задани сохти конститутсионӣ" айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG