Ссылки доступа

Номаи ҷангҷӯи тоҷик аз зиндони Ироқ (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз рӯзи 27-уми декабр (видео)

- Номаи ҷангҷӯи тоҷик аз зиндони Ироқ. “Ман дар Ироқам, ҳама хуб аст. Салом бар шумо”. Ин охирин номаи кӯтоҳи Аҳтам Олимов, сокини 28-солаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе аз зиндони Ироқ аст (видео аз Директ)

- Парвандаи марде, ки ҳамсарашро бо 19 зарби корд кушт, ба додгоҳ рафт. Додситонии шаҳри Истаравшан таҳқиқи қатли Нигора Қулиеваро ба анҷом расондааст, ки ба гуфтаи мақомот, аз ҷониби собиқ шавҳараш бо 19 зарби корд кушта шуд. (видео)

- Соли 2018 барои Ҷалолиддин чӣ меорад? Бозгашт ва ихроҷи садҳо муҳоҷири корӣ аз Русия ба Тоҷикистон боисиафзоиши бозорҳои мардикорӣ ва шумораи мардикорон дар ин бозорҳо шудааст. (видео)

- Бод арчаи солинавии Хуҷандро канду мағозаҳоро вайрон кард. Тундбоде, ки соатҳо тақрибан 12-и шаби 26 ба 27 декабр бархост, дар Хуҷанд ба ҳадде сахт буд, ки садои он сокинонро ба бим андохт. Ба мушоҳидаи хабарнигори Радиои Озодӣ, арчаи 16-метрӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд низ аз шиддати бод чаппа шудааст (видео аз Директ)

- Пайдо шудани як ҷасад дар канори рӯди "Душанбе". Дар лаби рӯдхонаи “Душанбе” дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷасади як ҷавони ношинос пайдо шудааст. Ин ҷасад нисфирӯзии 27-уми декабр ёфт шуда, ҳанӯз шахсияташ маълум нест (видео)

- Растаҳои чароғон дар "Корвон". Мардум дар ин рӯзҳо аз харҷ наметарсанд (видео)

- Онҳоро суроғ мекунанд, намеёбанд. Дигар на телефони мобилӣ ба додатон мерасаду на пеши хонаҳояшон поидан (видео)

- Дар майдони "Дӯстӣ" чӣ мегузарад? Ҳама ба майдони "Дӯстӣ"- и Душанбе ҷамъ меоянд, то ин корро анҷом диҳанд (видео)

- Осиё: барканории 500 нафар баъди паёми Мирзиёев. Дар пайи интиқоди сахти президенти Ӯзбекистон беш аз 500 корманди Вазорати молияи ин кишвар барканор шуданд. Порлумони Қазоқистон мехоҳад, кӯдаконро аз тарғибҳои худкушӣ ва ҳамҷинсгароӣ ҳимоят кунад. Дар хиёбони марказии шаҳри Бишкек "Тахти оҳанин" гузоштанд. ​(видеои Настоящее время)

- Facebook саҳифаи Рамазон Қодировро баст. Бино бар таҳримҳои ИМА саҳифаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар Facebook масдуд шуд. Дар ин бора портали "Медиазона" рӯзи 27 декабр бо такя хадамоти матбуоти ин шабакаи иҷтимоӣ хабар дод. (видео)

- Нақлиёти ҷамъиятӣ дар таваққуфи маснуъӣ. Дар Остона даҳҳо ронандаи автобус дар назди идораи нақлиёти ҷамъиятӣ гирд омада, зиёд шудани музди маош ва беҳсозии шароити кориро талаб доранд (видео)

- Вазорати молияи Русия бори нахуст ҳаҷми маоши вазиронро эълом кард. (видео аз Директ)

- Таркиш дар яке аз фурӯшгоҳҳои Петербург: ҳодиса чун теракт санҷида нахоҳад шуд. (видео аз Директ)

- Таҳрим ба ҷои гуфтугӯ. Вазорати молия таҳримҳои зидди Куриёи Шимолиро афзоиш дод. Русия мегӯяд, омадааст, дар сурати оғози гуфтугӯи Вашингтон бо Пхенян миёнаравӣ кунад. (видео аз Директ)

- Даргузашти Владимир Шаинскийи 93-сола дар Калифорния. (видеои Настоящее время)

- Руҳияи солинавӣ. Дар шаҳри Бишкек барои ороиши майдон ва шаҳр 15 миллиону 767 ҳазор сом (муодили тақрибан 1,8 миллион сомонӣ) ҷудо шуд (нигористон)​

- Боди тунд дар шимоли Тоҷикистон (нигористон)​

- Даҳ қаҳрамони "Русияи номаълум": шахсоне, ки соли 2017 дар бораашон гуфтем. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG