Ссылки доступа

"Бозори сиёҳ"-и ғизои чорво дар шимоли Туркманистон


Дар шимоли Туркманистон, аз ҷумла вилояти Дашоғуз нархи ғизои чорво рӯзҳои ахир се баробар боло рафта, арзиши 1 килои он то ба 1 манат (30 сент) расидааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, нархи давлатии он се баробар поинтар аст.

Манобеъ дар ноҳияҳои Қурбонсултон ва Ниёзови Дашоғуз мегӯянд, дар фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ хӯроки чорворо бо нархи давлатӣ ба ҳар як оила 20 килоӣ мефурӯшанд. Сафи муштариён дар назди баъзе аз фурӯшгоҳҳо то ба 300 нафар мерасад. Бархеҳо онро бо нархи давлатӣ мехаранд ва дуртар бурда, бо нархи "бозори сиёҳ" мефурӯшанд.

Вилояти Дашоғуз яке аз минтақаҳои фақиртарини Туркманистон буда, бекорӣ дар ин ҷо густарда аст ва хариду фурӯши ғизои чорво барои баъзе аз сокинон ягона манбаи даромад мебошад.

Сокинон мегӯянд, дар шимоли Туркманистон, бахусус дар фасли сармо нархи хӯроки чорво баланд шуда, баъзан миёни муштариёне, ки барои хариди он навбат мепоянд, задухӯрд сурат мегирад. Бинобар ин, ғизои чорво зери назорати кормандони ҳифзи ҳуқуқ фурӯхта мешавад.

"22 декабр миёни навбатпоён ҷанҷол бархост. Дар натиҷаи задухӯрд ду кас захмт шуданд. Барои пароканда кардани онҳо тамоми ҳайати кормандони пулиси ноҳия маҷбур ба маҳалли ҳодиса фиристода шуд", - гуфт як ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG