Ссылки доступа

Дастгоҳи президенти Қирғизистон кулоҳи миллӣ пӯшидани сагро баҳо медиҳад


Вакилони порлумони Қирғизистон талаб доранд, соҳиби саге, ки дар намоишгоҳи муди либос кулоҳи сафеди миллӣ пӯшидааст, ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ба гуфтаи намояндагони мардумии қирғиз, рамзҳои миллиро набояд ба ҳайвонҳои хонагӣ пӯшонд.

Ахиран дар шаҳри Бишкек намоишгоҳи муди либоси сагҳо баргузор шуд ва дар он саге кулоҳи сафеди миллии қирғизӣ пӯшида буд, ки норозигии фаъолони маданиро ба бор овард.

Рӯзи панҷшанбе ин баҳс то ба ҷаласаи порлумони Қирғизистон кашонда шуд. Вакили порлумони Қирғизистон аз Ҳизби сотсиал - демократ Рискелдӣ Момбеков дар ҷаласаи порлумонӣ аз Додситонии кул ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвараш хост, ба ин қазия таваҷҷуҳ намоянд. Даъвати ӯро бархе вакилони дигар низ дастгирӣ карданд.

Собака в национальном колпаке – унижение киргизского народа. Скандал на модном показе
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:47 0:00

"Дар маркази шаҳр, дар бузургтарин фурӯшгоҳ ба саг кулоҳи сафеди миллӣ мепӯшонанд. Ин таҳқири кулоҳи миллӣ аст. Онҳо бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҳар қадаре бахшиш пурсанд, бояд дар доираи қонун низ ҷавоб бигӯянд",- гуфт вакили порлумони Қирғизистон Тозабек Икромов.

Намояндаи президенти Қирғизистон дар порлумон низ ваъда дод, ки дастгоҳи раисҷумҳури ин кишвар қазияро ба зудӣ баҳо хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG