Ссылки доступа

Муштариҳои Внешэкономбонки Туркманистон ба мушкили нав рӯ ба рӯ шуданд


Донишҷӯёни Туркманистон, ки дар Русия таҳсил доранд, мегӯянд, дар рӯзҳои ахир наметавонанд, аз кортҳои VISA-ашон, ки дар бонкҳои Туркманистон сабт шудаанд, маблағ бигиранд.

Шамшод, як донишҷӯи туркман мегӯяд, давоми чанд рӯзи охир вай наметавонад аз бонкомат маблағ бигирад ва инчунин наметавонад дар фурӯшгоҳҳо бо корташ пардохт кунад.

Донишҷӯёни дигари туркман, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил доранд, ин мушкилро тасдиқ мекунанд.

Ибтидои моҳи декабр муштариҳои бонкҳои Туркманистон дар хориҷ бо маҳдудиятҳои истифодаи кортҳои пластикӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ҳамчунин истифодаи кортҳои бонкҳои Туркманистон дар фурӯшгоҳҳо низ маҳдуд шуд.

XS
SM
MD
LG