Ссылки доступа

Додгоҳи Молдова ваколатҳои президент Додонро боздошт


Додгоҳи конститутсионии Молдова 2 январ ваколатҳои президент Игор Додонро боздошт. Ин қарор баъди он содир шуд, ки Додон пешниҳоди сарвазири Молдоваро барои тасдиқи номзадии 7 узви ҳукумат бори дигар рад кард.

Бар пояи қонунҳои Молдова, президент як бор ҳақ дорад, ки пешниҳоди сарвазирро дар ин бобат рад кунад. Дар натиҷа вакилони ҳизби ҳоким ба додгоҳ муроҷиат карданд. Фармони таъйини вазиронро акнун сарвазир Павел Филип ё раиси порлумон Андриан Канду бояд имзо кунад.

Моҳи октябри соли 2017 Додгоҳи конститутсионии Молдова Додонро аз ҳаққи таъйини вазирон маҳрум кард. Игор Додон чанд бор пешниҳоди номзадии Евгений Стурзаро ба вазифаи вазири дифои Молдова рад карда буд. Баъди қарори додгоҳ Канду Стурзаро вазир таъйин кард.

Ҳукумати Молдова аврупогаро буда, Игор Додон, раиси пешини Ҳизби сотсиалистӣ, ки охирҳои соли 2016 президент интихоб шуд, мавқеи русиягароӣ дорад. Ӯ дар бештари маврид зидди мавқеи ҳукумат ва порлумони Молдова мебарояд.

Аз ҷумла, ӯ зидди боз шудани дафтари НАТО дар шаҳри Кишинев баромада буд. Ҳамчунин нагузошт, низомиёни Молдова дар размоишҳои Руминия иштирок кунанд.

XS
SM
MD
LG