Ссылки доступа

ИА ба бахши маорифи Қирғизистон 10 млн евро ҷудо кард


Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои рушди бахши маорифи Қирғизистон 10 миллион евро грант ҷудо кард.

Дар вазорати маориф ва илми Қирғизистон гуфтанд, ки ин маблағ дар доираи барномаи дастгирии молиявии соҳаи маориф ба ҳисоби ҳукумат ворид хоҳад шуд.

Ҳадафи барнома ислоҳоти низоми таҳсилоти умумиву касбӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму меъёрҳои омӯзгорӣ аст.

Ҳангоми тасвиби созишномаи грант дар порлумони Қирғизистон зикр шуд, ки бо ин маблағ китобҳои дарсӣ харидорӣ, низоми томактабӣ маблағгузорӣ ва тамоми мактабҳо бо Интернет таъмин хоҳанд шуд.

Қарор аст, ИА дар доираи ин созишнома ба хотири мусоидат ба ҳукумати Қирғизистон дар иҷрои Стратегияи рушди маориф то соли 2020 ҷамъан 36 миллион евро ҷудо кунад.

XS
SM
MD
LG