Ссылки доступа

Ошкор шудани раҳбаладони қочоқбарон дар зиндони Душанбе


Мақомоти тоҷик мегӯянд, гуруҳи маҳбусонеро муайян кардаанд, ки аз дохили зиндоне дар Душанбе интиқоли маводи мухаддирро ба воситаи марзи Тоҷикистону Афғонистон роҳнамоӣ мекарданд. Зидди ин маҳбусон ҳоло парвандаҳои нави ҷиноӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ба ҳайати ин гуруҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як афғон шомиланд. Онҳо аз пушти панҷара қочоқбаронеро роҳнамоӣ мекардаанд, ки Хайриддин Аҳтамов, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро куштанд.

Ёдрас мешавем, як гуруҳи 12-нафарии мусаллаҳи қочоқбарон шаби 2-уми декабри соли 2017 марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карданд, ки дар натиҷаи задухӯрд бо онҳо сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кушта ва чаҳор сарбозу афсар захмӣ шуданд.

Як манбаи огоҳ аз рафти тафтишот гуфт, се зиндоние, ки ҷараёни қочоқро аз пушти панҷара раҳбарӣ мекарданд, бо кочоқбарон ба воситаи телефони мобилӣ тамос доштанд ва бар асоси раҳбаладии онҳо он шаб бояд 33 кило маводи мухаддир ба дасти қочоқбарони тоҷик мерасид.

Ба гуфтаи манбаъ, зидди ин се нафар, ки бо ҷурми “муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир” ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд, такроран парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Зимнан, афроде, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар озодӣ қочоқбаронро бояд пешвоз мегирифтанд, ҷустуҷӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG