Ссылки доступа

Қирғизистон шомили кишварҳои панҷгонаи сайёҳати моҷароҷӯёна шуд


Қирғизистон дар миёни кишварҳои панҷгонае шомил шуд, ки барои сайёҳати моҷароҷӯёна мувофиқ ҳастанд. Рӯйхати кишварҳоро созмони бритониёии British Backpacker Society раддабандӣ кардааст.

Тавре созмони мазкур дар саҳифаи Фейсбук хабар медиҳад, дар рӯйхати мазкур 20 кишвар, аз ҷумла кишварҳои ИДМ шомил ҳастанд. Дар раддабандӣ Тоҷикистон мақоми 7-ум, Гурҷистон 9-ум ва Ӯзбекистон мақоми 19-ро касб кардааст.

Созмони байналхалқии British Backpacker Society як ҷамъияти сайёҳист, ки барои пажуҳиши кишварҳои начандон маъруф ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG