Ссылки доступа

Аз роҳҳои Ӯзбекистон 54 нуқтаи назоратии пулисро бардоштанд


Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон мегӯяд, 54 нуқтаи назоратии пулис ё постгоҳро аз роҳҳои байни вилоятҳои ин кишвар бардоштааст.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 декабр ҳангоми ироаи паём ба порлумон аз мавҷудияти ин постгоҳҳо изҳори норизоӣ кард. Ӯ гуфт, постгоҳҳо монеи ҳаракати озод мешаванд ва ба муносибатҳои тиҷориву иқтисодӣ ва саёҳати мардум таъсири манфӣ мерасонанд.

Дертар вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон Пулод Бобоҷонов дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод, ки дар маҷмуъ дар роҳҳои байни вилоятҳои кишвараш 133 нуқтаи назоратии пулис мавҷуд аст.

Баъди интиқоди Мирзиёев ВКД Ӯзбекистон барои омӯзиши зарурати фаъолияти постгоҳҳо комисияи махсусеро ташкил кард. Дар натиҷа ҳайати комисия ба хулосае расиданд, ки 66 постгоҳ бояд бардошта шавад.

Вазорат мегӯяд, то имрӯз 54 нуқтаи назорати пулис аз роҳҳои байни вилоятҳои Ӯзбекистон бардошта шуда, омӯзиши фаъолияти постгоҳҳои дигар идома дорад.

XS
SM
MD
LG