Ссылки доступа

Додгоҳи Украина Саакашвилиро паноҳанда эътироф накард


Додгоҳи минтақавии шаҳри Киев 3 январ аз эътирофи президенти пешини Гурҷистон ва раҳбари ҳизби "Ҳаракати нирӯҳои нав" Михаил Саакашвилӣ ҳамчун паноҳанда ё шахсе, ки баъд аз лағви шаҳрвандияш дар Украина ба ҳимояти иловагӣ ниёз дорад, худдорӣ кард.

Вакилони дифои сиёсатмадор мегӯянд, тасмим доранд, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд. Саакашвилӣ аз додгоҳ хоста буд, қарори хадамоти муҳоҷирати Украинаро дар бораи радди дархости паноҳандагияш бекор кунад.

Ба президенти пешини Гурҷистон, ки шаҳрвандияшро дар он кишвар бекор кардаанд, истирдод ба ватан таҳдид мекунад. Дар Гурҷистон ӯро дар чандин ҷиноят айбдор медонанд. Шаҳрвандии Саакашвилиро дар Украина ҳам бекор кардаанд, вале ӯ ин қарори мақомоти украинро эътироф намекунад.

Пештар додгоҳи баррасии шикоятҳои Киев баррасии дархости додситонии Украинаро зидди Саакашвилӣ то 11 январ ба таъхир гузошт. Додситонии Украина мегӯяд, ҳамоишҳои эътирозии ба раҳбарии Саакашвилӣ як бахши нақшаи Русия зидди Украина ҳастанд. Вале худи ӯ ин айбро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG