Ссылки доступа

Туркманистон интиқоли барқро ба Афғонистон аз сар гирифт


Туркманистон сар аз 1 январ интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон аз сар гирифт. Аммо то кунун дар мавриди нархгузории барқи Туркманистон созиш ҳосил нашудааст.

Абдул Вакил Носир, як масъули таъмини барқи Афғонистон мегӯяд, Туркманистон розӣ шудааст, ки то як моҳи дигар барқашро ба шимоли Афғонистон бо арзиши пешин интиқол диҳад. "Мо умедворем, ки Туркманистон бо нархгузориҳои пешин ба мо барқ медиҳад. Ҳайати Афғонистон барои ҳалли ин масъала ба Туркманистон сафар хоҳад кард", - гуфт намояндаи Афғонистон.

Туркманистон ҳар кВт/соати барқашро 2 сент нархгузорӣ кардааст ва мақомоти Афғонистон розӣ ҳастанд, бо ин қиммат барқ бихаранд.

Охири соли 2017 Туркманистон хабар дод, ки арзиши барқи содиротиашро гаронтар ва интиқоли онро ба Афғонистон қатъ мекунад.

Туркманистон асосан се вилояти шимолии Афғонистон ва чанд ноҳияи дигари ин кишварро бо барқ таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG